Муҳокимаи ҷамъбастии амалияҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ
Баҳри иҷрои нақшаи кории суди вилояти Суғд санаи 16 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ вобаста ба муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М. маҷлисро кушода, қайд намуд, ки тибқи Нақшаи кории суди вилояти Суғд, дар моҳи январ соли 2026 ҷамъбастии амалияи судӣ аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд Набизода Н.Ҳ. ва Ғаффорзода А. гузаронида шудааст.
Дар навбати худ, судяи суди вилояти Суғд Набизода Н.Ҳ. оиди ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 250 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.
Инчунин судяи суди вилояти Суғд Ғаффорзода А. оиди ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 138-142 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.
Дар охир маърӯзачиён қайд намуданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, ба суроғаҳои муайян пешниҳодҳо ирсол карда шуда, ҷамъбастиҳои мазкур дар машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо муҳокима карда мешавад.
Суди вилояти Суғд 