Ҷаласаи сайёрии Комиссияи байниидорави оид ба муқовимат ба саводи одамон.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 феврали соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёрии Комиссияи байниидорави оид ба муқовимат ба саводи одамон дар вилояти Суғд баргузор гардид ва дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. иштирок намуд.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёри конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.