МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 23 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супоришҳои хаттӣ роҳбарияти Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда дода шуда, қайд кард, ки иҷрои босифати “Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025 таҳти №355 тасдиқ шудааст, таъмин карда шуда, гардиши электронии дохиливу байниидоравии ҳуҷҷатҳо ба истиснои ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ ва баррасии аризаҳои даъвогӣ ба таври ҳатмӣ тавассути Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
роҳандозӣ карда шавад.
Илова бар ин, раиси суд қайд намуд, ки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки Дастурамал ва дигар қарорҳои зикршударо пурра омӯхта барои ҳар чӣ зудртар ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ омода шуда, коргузориро тариқи электронӣ ба роҳ монда, ба коргузории қоғазии иловагӣ хотима бахшанд.
Инчунин раиси суд қайд намуд, ки бо назардошти таърихи будани соли 2026 ва таҷлили 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамарӯза фаъолият намуда, аз баромадан ба рухсати меҳнатӣ, сафарҳои ғайрихизматӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла барои саёҳату табобат, сафарҳои фармоишию суроғавӣ ва ба сохтакорӣ ташкилшуда худдорӣ кардан лозим аст.
Ҳамчунин раиси суд қайд намуд, ки аз рӯи имкониятҳои мавҷуда, маҷлису ҷамъомадҳо ба тариқи маҷозӣ гузаронида шуда, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба дастгоҳи марказии суди вилоят даъват карда нашавад.
Раиси суд шахсони масъулро таъкид намуд, ки муомилоти нақди барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ байни вазорату идораҳо қатъиян пешгири карда шуда, пардохти музди меҳнати кормандон, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ пурра тариқи ғайринақдӣ сурат гирифта шавад.
Суди вилояти Суғд 