Ҷашни далериву шуҷоат

Ҳар сол Артиши миллӣ дар Тоҷикистон бо шукӯҳи махсус ҷашн гирифта мешавад. Зеро маҳз артиш такягоҳу муҳофизи давлату миллат аст. Имрӯз Артиши миллӣ воқеан мактаби бузурги мардонагиву ҷасорат, далериву шуҷоат буда, ҳазорон навҷавонро тарбия менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳонҳову озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишвари тозаистиқлоламон тақдирсоз бо баҳои ҷони хеш, бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ барои амну суботи кишвар сипар гардида, амнияту осудагии мамлакатро то имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.

Вазъияти ноороми ҷаҳони муосир, таҳдиди хатарҳои глобалии терроризм ва экстремизм аз мо тақозо мекунад, ки дар ҳифзи Ватан устувор бошем. Вобаста ба ин, айни замон қавӣ будани Артиши миллӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд.

Дар асл, Артиши миллӣ, неруҳои марзбон ва сохторҳои дигари қудратӣ асоситарии рукнҳои давлатдорӣ ва пойдевори истиқлоли ҳар як кишвар маҳсуб мешаванд. Пойдорӣ ва устувории давлат аз қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки марзу бумро аз хатарҳои беруна ҳифз мекунанд ва гарави аслии амнияту сулҳу субот дар кишвар маҳсуб меёбанд, вобастагӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, таҳдиду хатарҳои муосир- терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳама ҳолатҳои душвор мардонагӣ, тайёрии хуби ҷангӣ нишон доданд. Аксарияти онҳо барои ҳифзи истиқлолияти давлат, ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисорӣ намуданд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки дар ҳифзи Ватани маҳбубамон муттаҳид бошем ва барои пешрафту шукуфоии он амал намоем. Барои таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар намуда, оромиву осудагии кишварро таъмин созем.

Шаҳриёр ИСКАНДАРЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд