СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲО

Санаи 24 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П., муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. вобаста ба ҳисоботи се моҳаи аввали соли 2026 баромад намуда, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъкид намуд, ки камбудиҳои ошкор шударо то ҳисоботи шаш моҳаи аввали соли 2026 бартараф карда шавад.

Дар идомаи семинари мазкур аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои “Оиди маҳрум намудан аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ бо парвандаҳои оилавӣ”, “Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон”, “Мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор доштани қарор вобаста ба ҳуқуқи истифодаи замин (моддаҳои 37-39 ва 47 Кодекси замин) таҳлил ва омӯзиши амалияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои маданӣ дар бораи бекор ё беэтибор донистани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо ва ё вобаста намудани қитъаи замин”, “Далелҳо ва исботкунӣ”, “Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ, тартиби бақайдгирӣ, хусусиятҳои хоси ташкили фаъолият ва идоракуни хоҷагии деҳқонӣ, тартиб ва мӯҳлати ҳалли баҳс оид ба баҳси бақайдгирӣ ва фаъолияти минбаъдаи хоҷагии деҳқони ҳангоми тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудии он бо мисоли мушаххас ва қабули ҳалномаи судӣ” ва таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳ дар мавзӯҳои “Соли 2026 –“Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту такмили худшиносиву худогоҳии миллӣ”, “Моҳияти Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Бахшиши ҷазо, доғи судӣ ва сафедкунӣ”, “Шарҳи боби 43 Кодекси мурофиаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, тобеъияти судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мафҳум, мақсад ва намудҳои ҷазои маъмурӣ” баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.