МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, дар толори суди вилояти Суғд мизи мудаввар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода И.Ҳ. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Т.Қ., роҳбарият, судяҳои суди вилоят, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкурро Раиси суд Рушанзода С.Р. кушода, меҳмонони олиқадрро пазируфта, дар идома вобаста ба 35 солагии Истиқололи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки агар ба замони таърихии 35 – сол пеш назар кунем, ҳамзамон бо эълони мустақилият дар Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ, фазои билкул аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ фарқкунандаи ҳуқуқӣ, ки ба заминаи тозаи қонунгузории миллӣ асос ёфта буд, ташаккул дода шуд. Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ ҳаёти ҷамъиятиро дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама дастоварду музаффариятҳо арзиши ҳуқуқии истиқлолро аён месозад.
Пояи ҳуқуқии истиқлолияти давлатии ҳар кишвар ба низоми қонунгузории мустаҳкам устувор аст. Зеро соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои қавии ҳуқуқӣ – қонунӣ такя менамояд.
Аз ин нигоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории
миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд.
Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 35 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ асос гузошта шуда, сол то сол торафт собиту маҳкамтар мегардад.
Чунки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари закиву дурнигар ҳанӯз дар солҳои вазнини ошӯбҳои мусаллаҳонаи дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад.
Гувоҳи равшани ин сухан ҳамон иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии ҷумҳурист, ки аз нигоҳи қабули қонунҳои барои он замон зарурӣ ва саривақтӣ метавон гуфт нахустин талошу саҳмгузории шоиста буд дар масири поягузорӣ ва ташаккули минбаъдаи фазои ҳуқуқии даврони истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ва санги асос гузоштан ба бунёди кохи муҳташами низоми қонунгузорӣ ва қонунэҷодкунии миллӣ.
Шояд байни кишварҳои гуногуни дунё кам давлати ба тозагӣ соҳибистиқлолгаштае ёфт шавад, ки дар фазои ҷанги хунини дохилӣ ба таҳия, муҳокимаи умумихалқӣ ва қабули конститутсияи худ иқдом намуда бошад.
Аммо ҳақиқати пурифтихори таърихист, ки маҳз бо истодагарӣ ва ҳиссагузории арзандаи Пешвои миллат бо вуҷуди вазъияти амалан ҷангии кишвар раванди корҳои вобаста ба механизми эҷоду баррасӣ ва тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо то ба анҷом тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди дар замони низои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва мавриди амал қарор ёфтани Конститутсияи ҷумҳурии мо, он аз ҷониби назарияшиносони муътабари илми ҳуқуқи ҷаҳонӣ аз нигоҳи мазмун, моҳият ва муқаррароту муҳтавои худ баҳои баланд гирифта, ба санади муҳим ва асосии аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳкимбахшандаи истиқлолияти давлатиамон табдил ёфт.
Басо бамаврид аст, ин ҷо як сухани ҳақшиносонаи Пешвои миллатро зикр намоем, ки чӣ гуна мақом ва ҷойгоҳи конститутсияро дар пояндагии истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон басо нуктабинона баён намудаанд:
«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.»
Пас аз тантанаи Ваҳдати миллӣ талошу амалҳои созандаи сатҳи давлатӣ бобати ташаккули низоми ҳуқуқиву қонунии давлатдории миллӣ доманаи васеъ касб намуд. Қабули ҳар қонуни нав пояи истиқлолияти давлатиро мустаҳкамтар сохта, фазои ҳуқуқии ҷомеаро ғановати тоза мебахшид.
Дар ин миён Пешвои миллат, ки мағзу ҷавҳари ташаббусу амалҳояшонро қонунмеҳварӣ ташкил медиҳад, пайваста дар нутқу суханронӣ, вохӯриву суҳбатҳо ва паёмҳои ҳарсолаи анъанавиашон ба парламенти ҷумҳурӣ мавзӯи эҳтиром гузоштан ба қонун, таъмини волоияти он ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро зикр менамуданд ва он то ба имрӯз низ аз забони сарвари давлат борҳо таъкид мешавад.
Чунин таъкид намуданҳои Президенти ҷумҳурӣ мантиқӣ ва асоснок ҳам ҳаст, чун ба пиндорашон «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба
сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.»
Аз он нигоҳ ки таҳия ва мавриди амал қарор додани беҳтарин ва мукаммалтарин санади қонунӣ самараи дилхоҳ нахоҳад дод, агар шаҳрвандон таҳти таъсири омили манфии пастии саводи ҳуқуқии хеш ба меъёрҳои он эҳтиром нагузоранд ва ба вайрон намудани муқаррароташ даст зананд.
Аз ин рӯ, дар авлавият қарор додани ду самти муҳими таъминкунандаи расидан ба як ҳадаф, яъне фароҳам сохтани пойгоҳу заминаи мустаҳками қонунӣ ва тақвияти ҳисси эҳтироми аҳолӣ ба меъёрҳои қонун тавассути тарбияи шаҳрвандони қонунписанд тавонист поя ва шоҳсутуни истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ қувват ва тавони рӯзафзун бахшида, побарҷо нигоҳ дорад ва то дергоҳи таърих онро пояндагии бардавом ато хоҳад намуд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олии ҳуқуқӣ, ки онро конститутсия муқаррар кардааст риоя, таъмин ва ҳифз шуда истодааст, волоияти қонун пойдор мебошад.
Дастовардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аз самараи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада назаррасу намоёнанд. Пешрафту тағироту дигаргуниҳои мусбии дар самти ташаккули фазои ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, эҷоди муҳити созгори эҳтироми қонун ва таъмини волоияти он низ, ки аз файзи Ваҳдати миллӣ ба амал омаданд, набояд нодида гирифта шаванд, балки онҳоро бояд ҳифз намуд ва рушду такмили бештар дод.
Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ ва тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ шуд.
Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост.
Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ бештар аз ҳама ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон алоқамандӣ дорад, ки то куҷо ҳисси эҳтиром ба қонун ва ё худ ҳисси қонунпазирӣ доранд. Чунки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайримкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Аз ин ҷост, ки баъди соҳибистиқолӣ барои тарбияи ҳуқукии аҳолӣ дар сатҳи сиёсати олии давлатӣ иқдомҳои саривақтӣ ва натиҷабахш пеш гирифта шуданд.
Сипас Раис суд идомаи суханро ба доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн дод.
Профессор Бобоҷонзода И.Ҳ. дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки дар таҷрибаи қонунгузорӣ на ҳар санади қонунӣ лоиқи ҷойгоҳи қонуни миллӣ мегардад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ба низоми қонунгузориамон ду қонуни миллӣ илова гардид. Яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак”, ки доир ба паҳлўҳои таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани ин қонунҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Ҳамчунин Раиси суд сухани навбатиро ба номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Тоҳир Қамар дод.
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Т.Қ. қайд намуд, ки имрӯза ҷаласа як ҳамоиши ҳуқуқшиносон буд, воқеан ҳам бо суханронии пурмўҳтаво ва таъсирбахши нотиқон, устодони гиромӣ ба як чорабинии судманд ва хотирмон табдил ёфт, ки бо истифода аз фурсат аз номи худам ва ҳайати кормандони
судҳои вилояти Суѓд ба меҳмонон арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Бо назардошти он, ки баъди чанд моҳ ҷашни хуҷастаи миллӣ – 35 солагии озодиву истиқлоли Ватанро таҷлил менамоем, ҳамаи моро лозим аст, ки бо ҳисси садоқат дар раванди ободонию созандагӣ ва хуррамгардонию бунёдкорӣ, ки имрўз бо иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саросари кишвари маҳбубамонро фаро гирифтааст, азму нияти қавӣ нишон дода, саҳму ҳиссаи нек ва мондагор гузорем.
Дар илова иштирокчиёнро бо ҳамоиши имрўза фаъолияти бобарор ва пурсамари хизматӣ ба манфиати ободии Ватан ва шукуфоии Тоҷикистон, саодату хушбахтии рўзгор, тани солим, рўҳи болида ва иқболи нек таманно намуд.
Инчунин, судяҳои суди вилоят ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, меҳмонони олиқадрро барои ташриф овардан ба ин ҷаласа миннатдории худро баён карданд.
Дар охир Раиси суд ду шахсияти донишманд ва чеҳраҳои шинохтаи илми ҳуқуқшиносиро бо туҳфаҳои хотиррасон минатдори намуда, ҷаласаи мазкурро пӯшида эълон кард.

Суди вилояти Суғд 