МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 4 майи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супоришҳои хаттии роҳбарияти Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда дода шуда, қайд кард, ки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоятро зарур аст, ки иҷроиши ҷаримаҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ бояд таҳти назорат гирифта шуда, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми судӣ варақаҳои иҷро саривақт таҳия карда, ба хадамоти иҷро ирсол карда шавад. Инчунин судяҳои сарпараст нисбат ба судҳои дахлдор вобаста ба супориши мазкур назоратро қатъи ба роҳ монанд.
Ҳамазамон аз ҷониби Раиси суд қайд кард, ки иҷрои босифати талаботи Дастурамали намунавии коргузорӣ таъмин карда,
гардиши электронии дохиливу байниидоравии ҳуҷҷатҳо (ба истиснои ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ ва баррасии аризаҳои даъвогӣ ва парвандаҳои судӣ) пурра ва ба таври ҳатмӣ тавассути Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) роҳандозӣ карда шавад.
Дар идома Раиси суд вобаста ба фаъолияти Суди вилояти Суғд то моҳи апрели соли 2026 баромад намуда қайд кард, ки нишондодҳо дар самти ташвиқу тарғибот ва баровардани таъинотҳои хусусӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ин асос Раиси суд таъкид намуд, ки ни шондодҳо дар и н самтҳо зиёд карда шавад.
Дар охир сабабҳои то ҳол баррасӣ нашудан ва насупоридани парвандаҳои марҳилаи якум ба дафтархонаро пурсида, таъкид карданд, ки ҳарчи зудтар парвандаҳои баррасӣ нашуда баррасӣ шавад ва парвандаҳои баррасӣ шуда ба дафтархонаи умумӣ супорида шавад.
Суди вилояти Суғд 