БАРНОМАИ РУШДИ КИШВАР

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардид.

Сарвари давлат дар он оид ба бурду бохти тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва нақшаҳо барои соли 2025, ки он падидаи нави замони Истиқлол, санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд.

Дар Паёми Пешвои миллат рушди маориф ва илм ҳамчун омили калидии пешрафти устувори кишвар арзёбӣ гардида, сиёсати давлатӣ дар ин самт ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат, тақвияти неруи зеҳнӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир равона шудааст.

Зикр бояд намуд, ки омили асосии пешрафти ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи маориф мансуб меёбад. Дар ин замина дар Паём мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин амалӣ шудани барномаи рушди кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф низ муайян шудааст.

Пешвои миллат  дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифро, ки онро ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморанд, нек арзёбӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки  Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар ин замина аз моҳи сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва мураббиён 25 фоиз боло бурда мешавад, ки ин ҳама натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии маорифчиён аз тарафи Пешвои миллат маҳсуб мешавад.

Бо баробари масоили дар боло зикргардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш, инчунин доир ба  пешрафти шукуфоии Ватан, гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ, волоияти қонун, муносибатҳои байналмилалӣ, созандагию ободкориҳо андешаронӣ намуданд, ҳар як сокини кишварро ба хотири таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, баҳри гул-гулшукуфии Ватан ва меҳнати садоқатмандонаю созандагӣ даъват намуданд.

Абдулҳамид ҒАФФОРЗОДА,

судяи Суди вилоят