Муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ

Баҳри иҷрои нақшаи кории суди вилояти Суғд санаи 12 майи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ вобаста ба муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини раиси суд Зарифӣ Ф.Н. маҷлисро кушода, қайд намуд, ки тибқи нақшаи кории суди вилояти Суғд, ҷамъбастии амалияи судӣ аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд Бобокалонзода З., Аҳмадзода Ф. ва Искандарзод А. гузаронида шудааст. Дар навбати худ,  судяи суди вилояти Суғд Бобокалонзода З. ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид  ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.

Инчунин, судяи суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. оиди ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар мавзӯи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.

Ҳамчунин, судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба муошират бо кӯдак ва муайян кардани ҷойи зисти кӯдак, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.

Дар охир маърӯзачиён қайд намуданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, ба суроғаҳои муайян пешниҳодҳо ирсол карда шуда, ҷамъбастиҳои мазкур дар машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо низ муҳокима карда мешавад.