Иштироки кормандони суди вилоят дар «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» дар вилояти Суғд
Санаи 17 майи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд чорабинии оммавии варзишӣ таҳти унвони «Дави миллӣ ва марафони велосипедронии ҷумхуриявӣ» дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандусти баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Суди вилояти Суғд, муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд фаъолона иштирок намуда, бо руҳияи баланд ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар самти рушди соҳаи варзиш ва тартиби тарзи ҳаёти солим изҳор намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои варзиши таҳкими саломатии ҷомеа, оммавигардонии варзиш, ҷалби аҳоли ба тарзи ҳаёти солим, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ арзёби мегардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва фаъолони мусобика диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, ҳар якшанбеи сеюми мохи май, дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад. Имсол бошад
маротибаи 19-ум ин мусобиқа дар сартосари кишвар
бо тантана таҷлил гардид.
Суди вилояти Суғд 