Муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ
Баҳри иҷрои нақшаи кории суди вилояти Суғд санаи 25 майи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини раиси суд Раҳматиллозода М. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд кард, ки судяҳо парвандаҳои дар истеҳсолоти суди дошташонро сари вақт ва дар муҳлатҳои бо қонун пешбинишуда баррасӣ намуда, ба кашолкориҳо роҳ надиҳанд.
Инчунин, муовини Раиси суд таъкид намуд, ки тибқи нақшаи кории суди вилояти Суғд, ҷамъбастии амалияи судӣ аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд Назариён Н.Қ., Пӯлодӣ Т.С. ва Ғаффорзода А. гузаронида шудааст.
Дар навбати худ, судяи суди вилояти Суғд Назариён Н.Қ. ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои маъмурӣ марбут ба машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза
намуд.
Ҳамчунин, судяи суди вилояти Суғд Пӯлодӣ Т.С. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои маъмурӣ дар мавзуи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст (моддаи 333 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.
Инчунин, судяи суди вилояти Суғд Ғаффорзода А. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ доир ба ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо (моддаи 234 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.
Дар охир маърӯзачиён қайд намуданд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, ба суроғаҳои муайян пешниҳодҳо ирсол карда шуда, ҷамъбастиҳои мазкур дар машғулиятҳои семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо низ муҳокима карда мешаванд.
Суди вилояти Суғд 