ҚАБУЛИ ШАҲРВАДОН
Қабули шахсии шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба арзу шикоятҳои онҳо, мутобиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби раиси суди вилояти Суғд дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе, инчунин тибқи ҷадвал дар рӯзҳои кори аз ҷониби судяҳо ба роҳ монда шудааст.

Санаи 17 январи соли 2026 баҳри иҷрои Қонуни мазкур, супориши Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2022 таҳти №807-3/1-18 бобати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2010 №29/10 ва аз 05 августи соли 2015 №30/10 оид ба қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. дар бинои суди вилояти Суғд як қаттор шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят қабул карда шуда, ба муроҷиати шифоҳии онҳо посухҳои мушахас дода шуда, муроҷиатҳои хаттии онҳо қабул карда шуд ва ҳамчунин аз ҷониби муовинони Раис, судяҳои суди вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон дар бинои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар бинои суди шаҳри Исфара аз ҷониби муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М., дар бинои суди шаҳри Конибодом аз ҷониби муовини Раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф.Н., дар бинои суди ноҳияи Ҷ.Расулов аз ҷониби муовини Раиси суди вилояти Суғд Раҳматиллозода М., ва аз ҷониби судяҳои
суди вилояти Суғд Искандарзод А.И. дар бинои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷонзода Б. дар бинои суди шаҳри Истаравшан, Ашурзода Н.А. дар бинои суди ноҳияи Айнӣ, Бобокалонзода З.К. дар бинои суди ноҳияи Спитамен, Искандарзода Ш. дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ, Ғаффорзода А. дар бинои суди ноҳияи Ашт, Набизода Н.Ҳ. дар бинои суди ноҳияи Деваштич, Назарзода Н.О.
дар бинои суди шаҳри Панҷакент, Мирасилзода А.А. дар бинои суди ноҳияи Зафаробод, Рустамзода М. дар бинои суди шаҳри Гулистон ва Маҳмадназарӣ Ш.М. дар бинои суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.
Қабули шаҳрвандон баҳри таъмин намудани адолати судӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба мақомоти судӣ сурат гирифт.

Суди вилояти Суғд 