ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Қабули шахсии шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба арзу шикоятҳои онҳо, мутобиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби раиси суди вилояти Суғд дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе, инчунин тибқи ҷадвал дар рӯзҳои кори аз ҷониби судяҳо ба роҳ монда шудааст.

Санаи 29 ноябри соли 2025 баҳри иҷрои Қонуни мазкур, супориши Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2022 таҳти №807-3/1-18 бобати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2010 №29/10  ва аз 05 августи соли 2015 №30/10 оид ба қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. дар бинои суди вилояти Суғд як қаттор шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят қабул карда шуда, ба муроҷиати шифоҳии онҳо посухҳои мушахас дода шуда, муроҷиатҳои хаттии онҳо қабул карда шуд ва ҳамчунин аз ҷониби муовинони Раис, судяҳои суди вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон дар бинои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шуд.

Аз ҷумла, дар бинои суди шаҳри Исфара аз ҷониби муовини Раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф.Н., дар бинои суди шаҳри Истаравшан аз ҷониби муовини Раиси суди вилояти Раҳматиллозода М., ва  аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Б. дар бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ашурзода Н.А. дар бинои суди ноҳияи Ашт, Бобокалонзода З.К. дар бинои суди ноҳияи Спитамен, Аҳмадзода Ф. дар бинои суди шаҳри Бӯстон, Искандарзода Ш. дар бинои суди ноҳияи Шаҳристон, Назариён Н.Қ. дар бинои суди ноҳияи Зафаробод, Пӯлодӣ Т.С. дар бинои суди шаҳри Панҷакент, Ғаффорзода А. дар бинои суди ноҳияи Айнӣ, Набизода Н.Ҳ. дар бинои суди шаҳри Гулистон, Назарзода Н.О. дар бинои суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, Мирасилзода А.А. дар бинои суди ноҳияи Деваштич, Рустамзода М. дар бинои суди шаҳри Истиқлол ва Маҳмадназарӣ Ш.М. дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ  қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

Қабули шаҳрвандон баҳри таъмин намудани адолати судӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба мақомоти судӣ сурат гирифт.