Ҷаласаи Раёсати васеъи суди вилояти Суғд

Санаи 14 майи соли 2026 Ҷаласаи Раёсати васеъи суди вилояти Суғд таҳти Раисии: Раиси Раёсати суди вилояти Суғд Рушанзода Суҳроб Рушан, аъзоёни Раёсат: Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин, Раҳматиллозода Мафтуна, Аҳмадзода Фируза, Назариён Нигора Қосимӣ, Искандарзода Шаҳриёр котиби Раёсат Ашрафзода Мусаллама баҳри иҷроиши банди 29 нақшаи кории суди вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2026 вобаста ба санҷиши фаъолият ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, ноҳияҳои Ҷ.Расулов ва Деваштич оид ба амал баровардани адолати судӣ ва муҳокима намудани натиҷаи он бо иштироки судяҳои суди вилояти Суғд Сафозода А.Г., Искандарзод А.И., Ашурзода Н., Бобокалонзода З., Набизода Н.Ҳ.,  Ғаффорзода А., Мирасилзода А.А., Назарзода Н.О., Маҳмадназарӣ Ш.М., Пулодӣ Т.С., Рустамзода М., Бобоҷонзода Б., Раҷабзода М., Раисон, муовинон, судяҳо баргузор гардид, ки аз ҷониби роҳбарони гуруҳи корӣ муовини раиси суди вилоят Зарифӣ Ф.Н. оиди фаъолияти суди шаҳри Конибодом, муовини раиси суди вилоят Раҳматиллозода М. оиди фаъолияти суди ноҳияи Ҷ.Расулов, судя Набизода Н.Ҳ. оиди фаъолияти суди ноҳияи Деваштич, судя Назарзода Н.О. оиди фаъолияти суди шаҳри Хуҷанд дар Раёсати Васеъ маъруза намуданд ва баҳри ҳарчи зудтар ислоҳ намудани  кабудиҳою норасогиҳо аз ҷониби Раиси Раёсати суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р.

Қарори Раёсати васеъи суди вилояти Суғд қабул гардида ба самъи ҳозирин расонида шуд.