Ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба нерӯи барқ мебошад. Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррар шудааст, ин таъмини Истиқлолияти энергетикӣ аст.
Иҷрои дигари ҳадафҳои стратегӣ, яъне ин бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва дар маҷмӯъ таъмини зиндагии шоиста ба мардуми тоҷик ба таъминоти барқ алоқамандии зич ва ногусастанӣ доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст, ки он баҳри ҳарчи зудтари аҳолӣ ба нерӯи барқ нигаронида шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои хеш боз мардуми кишварро зарур аст, ки дар ин соҳа ба сарфаю сариштакорӣ диққати асосӣ диҳанд. Баъзан чунин ҳолатҳо ошкор гардидааст, ки баъзе аз нафарон бо ҳар роҳ ба чашми масъулин хок пошида, бо роҳҳои ғайриқонунӣ нерӯи барқро истифода мебаранд.
Бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва талафоти он дар корхонаву ташкилот ва сокинони кишвар ҳанӯз 25-уми апрели соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор намояндагони соҳоти дахлдор ҷаласа доир намуданд ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти истеъмолкунандагон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид сохта, ҷазоҳои мурофиавӣ ва ҷиноятӣ пурзӯр карда шуд.
Аз ҷумла, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисобкунаки барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ, кандан ва шинонидани пломбаи муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима муқаррар шудааст.
Боз чанд намуди дигар тадбирро муайян намуданд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ин самт хулосаи даркорӣ бароварда, баҳри сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ ва ҳам ба мардум фаҳмонида додани муҳтавои ин тағйирот кӯшиш намоянд.
Завқиддин БОБОКАЛОНЗОДА,
судяи суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 