Баланд бардоштании сатҳи маърифат
Мардуми шарифи Тоҷикистон дарозои 35 сол ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандоонаву некбинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолибе намудаанд, ки мутмаинем баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати роҳнамо хизмат менамояд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ масъалаи муҳимро ба сифати мавзуи меҳварӣ матраҳ карда, ҳангоми баррасии масоили иҷтимоӣ, таҳлили вазъи маорифи ватанӣ, арздошти дастовардҳои соҳаи илму навоварӣ, баёни умури фарҳангӣ ва таъкиди сиёсати миллии ҷавонони кишвар ба таври ҷудогона аз сиёсат ва мавқеъгирии давлатӣ дар раванди худшиносию ҳувиятсозӣ сухан ба миён оварданд.
Пёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Барои Сарвари давлат болоравии худогоҳию худшиносӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои бостонӣ, тақвияти хотираи таърихӣ ва татбиқи пружаи ҳувиятсозии миллӣ аз ҷумлаи барномарезиҳои муҳими давлатӣ буданду ҳастанд.
Дар Паёми навбатӣ хостан қайд мегардад: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, хосатан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мо ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар бузургтарин иншооти соҳа –Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳӯнар ба ифтихори 35 — солагии истиқлоли давлатӣ мебошад».
Аз ин бармеояд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо як санади расмӣ, балки як барномаи стратегии рушди давлат мебошад. Ҳамзамон, бо ибтикори Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани донишу маърифати мардуми кишвар дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, давоми 10 соли охир 900 номгӯи адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки ба китобу китобхонӣ муҳаббат бастани муҳассилин ва ё шаҳрвандон бесаба нест.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ таъкид карданд, ки дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа шуд.
Бале, имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба мардум бо хушнудӣ туҳфаи Сарвари давлат «Шоҳнома»-ро тақдим карда истодаанд.
Нигора НАЗАРЗОДА,
судяи суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 