«БАРРАСИИ БЕШ АЗ 40 ҲАЗОР ПАРВАНДА». Дар рӯзномаи Ҳақиқати Суғд дар моҳи феврал нашр шудааст.

«БАРРАСИИ БЕШ АЗ 40 ҲАЗОР ПАРВАНДА»

Дар рӯзномаи Ҳақиқати Суғд санаи 26.02.2019, №25 нашр шудааст.

 

        — Дар давоми соли 2018 аз ҷониби Суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар  марҳалаҳои якуми касатсионӣ ва назоратӣ 40828 парвандаи  гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардиданд, — зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди вилоят Муҳаммад Мирзозода.

Мавсуф изҳор намуд, ки аз ин шумора  парвандаҳои ҷиноятӣ 3190,    гражданӣ 5972, оилавӣ 11321 ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 14311 ададро ташкил медиҳанд,  ки дар марҳалаи  якуми Суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар ин давр дар коллегияҳои судии Суди вилоят 543 парвандаи ҷиноятӣ, 256 гражданӣ, 382  оилавӣ ва 98 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардиданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди вилоят оид ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» фикру андешаи худро баён намуда, изҳор дошт, ки аз ҷониби судзҳои вилоят 287 парванда  баррасӣ  гардидааст. Аз рўи парвандаҳои баррасигардида, нисбат ба 225 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 1319000 сомонӣ таъйин карда шуд.

Оид ба фаъолияти Суди иқтисодии вилоят раиси он Сулаймон Қосимзода изҳор намуд, ки давоми соли 2018 аризаҳои даъвогӣ бо маблағи  112513033 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 732 парвандаҳо ҳалномаи судӣ қабул ва аризаҳои даъвогӣ бо маблағи 93745290 сомонӣ қонеъ карда шудааст. Дар соли 2018 — ум 67 парванда вобаста ба баҳси замин баррасӣ шуда, дар 36 ҳолат даъвоҳо қонеъ, 8 қисман, 10 рад, 6 — то бебаррасӣ ва 7 — то қатъ карда шуданд. Дар ин давр зимни пешниҳоди даъво 1037303 сомонӣ, маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат воқеан пешпардохт карда шуда, ба ҳалномаҳои судӣ маблағи боҷи давлатии ситонида шуда 1874530 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ муовини  сардори Раёсати адлияи вилоят Мирзо Раҳмонзода низ ширкат дошт.

Дар охир рўзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

                                                                                                                                                                     «Ҳақиқати Суғд»