БЕРАҲМУ БЕШАФҚАТ

БЕРАҲМУ БЕШАФҚАТ

маҷаллаи “ФИРӮЗА”

 

         Ҳангоми мурофиаи судӣ ба симои орому осудаи судшаванда менигараму ҳайрон мешавам. Дар симои ӯ ягон ҳолати пушаймонию афсӯсхӯрӣ намебинам. Гӯё чизе нашудааст ва амали муқаррариеро иҷро кардааст.

Ҳол он ки ӯ хоҳари ноболиғи худр Орзугул рӯзи 27-уми октябри соли 2018, тахминан соати 7:30 дақиқа бо мақсади ба мактаб рафтан аз манзили истиқоматиаш баромада, муддати як моҳ, яъне то 28-уми ноябри соли 2018 бедарак будааст. Дар деҳа овозаҳо оиди ба бероҳагӣ машғул шудан ва бо мардони бегона муносибати маҳрамона доштанаш панҳ мешавад. Баробар аз рӯи нанги ноҷо дар назди худ вазифа мегузорад, ки дао сурати пайдо кардани хоҳар ӯро қатл расонида, обрӯи оилаашонро барқарор менамояд.

Санаи 28-уми ноябри соли 2018 бегоҳӣ ноболиғ Орзугул Ашӯрқулова ба манзили истиқоматиашон баргаштааст.

Судшаванда Ашӯрқулов Т.Б. бо қаҳр аз хоҳари ноболиғаш дар куҷо буданашро пурсида, ба гапҳояш бовар накарда, ба оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон медарояд. Орзугул илтиҷоомӯз аз паси ӯ рафта, бегуноҳии худро исбот кардани мешавад. Вале баробари бераҳм ба воситаи халтаи синтетикӣ гардани хоҳарашро сахт печонида, ӯро буғӣ мекунад. Ноболиғ Ашӯрқулова О.Б. дар натиҷаи баста шудани роҳи нафас, яъне асфексияи механикӣ ба ҳалокат расидааст.

Ашӯрқулов Т.Б. баъди содир кардани куштори бадқастонаи хоҳари ноболиғаш бо мақсади осон кардани пинҳонкунии ҷасади ӯ, эмин мондан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, сари хоҳари аллакай ба ҳалокат расидаашро ба болои асбоби худсози коҳмайдакуни гузошта, бо теғи он гардани хоҳарашро аз пасаш то қисми пӯсти пеши гардан буридааст.

Дар ин ҳолат падараш Баҳодур Ашӯрқулов ба оғилхона даромада, аз ин ҳодиса огоҳ шуда, бо мақсади пинҳон доштани куштори бадқасдона содирнамудаи писараш Толибҷон Ашӯрқулов якҷоя ҷасади Оргузулро ба бордони автомошинаи шахсиашон – тамғаи “Опел – Вектра” бор карда, ба заминҳои дашти ҳудуди деҳаашон бурда пинҳон мекунанд.

Пас аз 2 – 3 ҳафта ҷасад дарёфт мешавад ва сири пинҳонии марди хоҳаркуш кушода мешавад.

Судшаванда Ашӯрқулов Т.Б. дар мурофиаи судӣ бо айби эълон кардашуда худро пурра гунаҳгор ҳисобидааст.

Тафтишҳо нишон додаанд, ки далелҳои содир намудани ҷиноят – ин бероҳа гаштани Оргузули ноболиғ ва аз ҷониби ӯ паст задани борӯю эътибори аҳли оилааш беасос будаанд.

Суди вилояти Суғд амали бераҳмонаи Ашӯрқулов Толибҷон Баҳодуровичро мувофиқи моддаи 104 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 18 (ҳаждаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар маҳбаси ислоҳии дорои низомаш сахт ҷазо таъин кард.

 

                                                                  Фирӯзахон Аҳмадзода,

         судяи суди вилояти Суғд,

              Сайфулло Маҳкамов,

            рӯзноманигор