БОЯД СЕРМАҲСУЛ БОШЕМ

Санаи 16-уми декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат пешравию камбудии ин ё он соҳаро зикр карданд, нисбат ба ислоҳаш дастуру супориҳо доданд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат дар бораи пешрафти илм изҳори назар намуда, таъкид карданд, ки дар соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин рӯ, даъват карданд, ки ба ин рушди соҳаи муҳим аҳамият дода, баҳри дар амал татбиқ намудани он чораҳои зарурӣ андешанд, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.

Ҳамзамон, дар робита ба он пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Акаде­мияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат дар бораи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли кишвар фикру андешаи худро баён на­муда, изҳор доштанд, ки мо бештару хубтар бояд кор кунем, Ватани худро обод созем, аз дирӯза бештар сермаҳсул бошем. Зеро,-таъкид намуданд Сарвари давлат Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад.

Дар ҳақиқат солҳои охир кишвари мо ба таври шинохтанашаванда обод гардид. Биноҳои баландошёнаи корхонаҳои бузурги саноатӣ, қасрҳои бузурги фарҳангу бунёди роҳҳои гуногуни автомобилӣ тасдиқи чунин гуфтаҳост. Сарвари давлат дар баробари ободию бунёдкории Ватани азизамон ҳамчун ба хизматҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда афзуданд, ки: «Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35 — солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад. Бо исти­фода аз фурсат ман бори дигар ба ҳамаи соҳибкорону шахсонӣ саховатпеша ва шаҳрвандони ватандӯсту заҳматқарин, бонангу номус ва масъулиятшиноси мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям».

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки боз ҳам сермаҳсул кор карда, баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем.

          Муродҷон РАҶАБЗОДА,      

судяи суди вилояти Суғд