Дарс вобаста ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ

Дар суди вилояти Суғд баҳри иҷрои супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025 таҳти №355 дарси дохилиидорави вобаста ба омӯзиши Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ баргузор гардид.

Дар дарси мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят фаъолона иштирок намуданд. Дарси мазкурро котиби маҷлиси судии суди вилояти Суғд Ғуломов М.М. гузаронида, ба иштирокчиён тарзи истифодабарии Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро ёдрас намуд.