Дастоварди бузург

Аз моҳҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таърих моро дар давлатдорӣ имтиҳон кард. Имтиҳон басо мушкил ва хунин буд. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои душвори ба сари халқу миллат омада, бо тақозои вақту замон сарнавишт худаш фарзандони арзандаро ато мекунад.

Бале, маҳз дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро анҷумани саодати миллат номидаем, ба арсаи сиёсати давлатдорӣ Сарвари оқилу доно, ваҳдатофару раиятпарвар ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Маҳз бо ҷасорат, матонат ва ақли дурандешонаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд девори наҷот ва қалъаи амнияти миллат гарданд. Бо қадами мубораки Раиси ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба оромию осудагӣ рӯ овардем.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 35 сол пеш миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози мо ба дастоварди бузург ва муқаддас – Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Дастовардҳои бузургтарини мамлакат дар ин муддат барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Пеш аз ҳама қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки онро метавон бахтномаи миллат номид. Дар асоси Конститутсия тоҷикон соҳиби давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёрии хеш буданашонро нишон доданд. Истиқлолият ба мо худшиносиро ато кард, ки он аз эҳтирому донистани таърих, фарҳанг, забон, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ ин донистани мазмун ва моҳияти рамзҳои давлатӣ аст. Истиқлолият ба тоҷикон қадр кардани мероси ниёгонро ёд дод, яъне таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, ҷашнҳои Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ намунаи қадр кардани мероси ниёгон – Наврӯз, Сада ва Меҳргонро омӯхт ва эҳё кард.

Барномаи бунёди иншооти обии хурду миёнаю калон босуръат амалӣ кунонида шуда истодааст. Бунёди иншооти бузурги аср – Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистониён аст.  Дар тӯли 35 сол роҳҳо, пулу нақбҳо канда, Ватани азизамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидем, истиқлолияти энергетикӣ ба даст овардем ва амнияти озуқавориамонро таъмин кардем.

Имрӯзҳо Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сангини рӯз ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифаҳои асосии ин давраи рушд аз вусъатбахши пайгиронаи ислоҳот, самаранокии натиҷаҳои татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборатанд.

 Завқиддин БОБОКАЛОНЗОДА,

судяи Суди вилоят