ГУЛНОРА “ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД” ГӮЁН ДАР ДЕГИ ҶАРИМА ҶӮШИД

ГУЛНОРА “ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД” ГӮЁН ДАР ДЕГИ ҶАРИМА ҶӮШИД

 

Гулнора Сулаймоноваи 55-сола, зодаи ҷамоати шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ буда, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Аммо ин зан мақоми мардумии “Аввал инсоф баъд баракат”-ро шиор карда даст ба фурӯши молу маҳсулоти пастсифат задааст.

Суди ноҳияи Мастчоҳ  Гулнораро барои ин амали ба саломатии истеъмолкунадагон зараровараш бо моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 11000 (ёздаҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардани аз фаъолитяти соҳидкорӣ ба мӯҳлати як сол таъин карда буд. Аммо аз 9 апрели соли 2019 то охири моҳи май Гулнора барои тағйир додани ҳукми суд ба зинаи болоии судӣ шикоят намуд.

Аъзоёни Коллегияи судии Суди вилояти Суғд раҳми 6 кӯдаки ноболиғи Гулнораро хурда, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои судшаванда Гулнора, ки ӯ дар нигоҳубин ва тарбияаш шаш нафар фарзанди ноболиғ дорад, инчунин ягона таъмингари аҳли оилааш аст, ғайр аз савдо дар мағоза ягон сарчашмаи даромад надорад, миқдори ҷаримаро бетағйир, аммо “маҳрум кардан аз фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати як сол”-ро бекор карданд.

Гулнора Сулаймонова аз ҷониби суд барои он гунаҳгор дониста ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ки санаи 11 феврали соли 2019 аз тарафи кормандони ШВКД ва МНДСЭ дар ноҳияи Мастчоҳ мағозаи хусусиашро, ки воқеъ аст, санҷиш гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар рафҳои мағозаи номбурда маҳсулоти хӯроквории қаннодии “Разавӣ”, дрожи “Юва”, “Ролтон булён”, қаннодии “Амирӣ-1”, шоколадҳои “Милкивей”, “Марс”, нӯшокии “Квас”, маҳсулоти гӯштии “Хотдог”, ҷамъ ба маблағи умумии 211 сомонӣ мӯҳлати истеъмолашон гузашта дарёфт ва аз истеъмол гирифта шуд.

Мувофиқи хулосаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мастчох таҳти №38 аз 18 феврали соли 2019 маҳсулотҳои хӯроквории мазкур, ки мӯҳлати истеъмолашон гузашта, ҳамчун маҳсулоти барои бехатарии ҳаёт ва саломатӣ ҷавобгӯ набуда, тибқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” (таҳти №890 аз 01 августи соли 2012) маҳсулотҳои хӯрокаи хатарнок ҳисобида мешавад.

Сӯҳроб НУРАЛИЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд

Фарзона МУРОДӢ, рӯзноманигор

Нашр дар рӯзномаи “Саломат бошед!”