Ҷинояткор ҳабс шуду ислоҳ не

  Ҷинояткор ҳабс шуду ислоҳ не

Эгамов Ҷонибеки 39 сола, зодаи шаҳри Конибодом 5- январи соли 2016 нисбаташ бо моддаи 247 қисми 3 банди“а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ  боз шуда ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, боз дубора даст ба ҷиноят зад.

Номбурда, пас аз 7  моҳи  маҳбасшинӣ санаи 21 ноябри соли 2016 бо татбиқи банди 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба озодӣ баромад.  Эгамов дар маҳбас ба ҷои ислоҳ шудан  ва ё барои ба рӯйхати авфшавандагон афтоданаш шукр кардан, дубора даст ба ҷинояти қаллобӣ зад. Ин маротиба суди вилояти Суғд бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои  “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 2 сола 6 моҳ (ду солу шаш моҳ) аз озодӣ маҳрум кард.

 

                        Эгамов  бо кадом роҳ ҷиноятро такрор кард

Эгамов Ҷонибек моҳи майи соли 2018 бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Қаюмов М. даромада, бо баҳонаи муваққатан истифода бурда, баъдан баргардонидан аз ӯ як адад зарфи оҳанини худсози ғунҷоишаш 3 кубаи арзишаш 1250 сомониро мегирад. Аммо “амонат”-ро фаромуш карда он зарфро ба маблағи 600 сомонӣ фурӯхта, маблағро ба манфиати шахсияш сарф кардааст. Аз барор гирифтани “сайд”-и шод шуда такроран моҳи майи соли 2018 бо ҳамин роҳ ба боварии шаҳрванд Тошпӯлотов даромада, бо баҳонаи қаблӣ аз ӯ як адад зарфи оҳанинии худсохти ғунҷоишаш 3 куба, ки арзишаш 1000 сомонӣ буд, гирифта ба маблағи 600 сомонӣ фурухтааст.

Эгамов мебинад, ки ду бор ҷинояташ ошкор нашуд, бори сеюм моҳи июни соли 2018 ба боварии шаҳрванд Сангинов И. даромада, бо баҳонаи 3 рӯз истифода бурда, баъдан баргардонидан, аз охирин як адад зарф барои об (систерна)-и ғунҷоишаш 4 м3-ро гирифта, онро ба маблағи 600 сомонӣ фурӯхта, пулро ба манфиати шахсияш харҷ кардааст, ки ба Сангинов 4000 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Боз моҳи июни соли 2018 кори ҷинояткоронаашро идома дода, ба боварии Ниёзматов У. даромада, аз ӯ 1 адад «Скутер» арзишаш 1500 сомонӣ ва 1 адад дучарха (велосипед) арзишаш 400 сомониро бо баҳонаи таъмир карда оварда додан гирифта, молҳои тасарруфкардаашро ба маблағи 130 сомонӣ фурӯхтааст.

Аз ин рӯ ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки аз чунин қаллобону фиребгарон эҳтиёт бошанд!

Судяи суди вилояти Суғд  Шарифзода Б.Н.