Истиқлолият – муқаддастарин неъмат

Истиқлолият – муқаддастарин неъмат

                Истиқлолият муқаддастарин неъмат буда, дар охири асри 20 – ум ба даст омад, ки на ҳар миллату давлатҳо ба он муяссар мешавад. Бо баробари соҳибистиқлол гаштан ободию озодӣ, якдилӣ ва осоиштагиву абадиятро ба халқи бузурги тоҷик овард. Истиқлолият ин нишонаи ҳастии давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, низоми давлатдорӣ аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро вусъат мебахшад. Бо воситаи истиқлолият миллати тоҷик муттаҳид гардид ва имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати мустақилу ягона мешиносанд. Сараввал душманон бо иғво ҷангҳои бародаркушӣ ташкил намуданд, халқи тоҷикро пароканда, мавзеъҳоро вайрон карданд, лек ба мақсади дили пуркинаашон нарасиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолияти мамлакатамон бунёд гардидани иншоотҳои бузурги НБО – и Роғун, Сангтудаи – 1, Сангтудаи – 2, “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Нақби Истиқлол”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб” аст. Инчунин дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолӣ, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсия мавқеи шахсро дар ҷомеа дар ҷойи аввал гузошт, ки он гувоҳи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид.

Таъсиси мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Суди конститутсионӣ, судҳои шаҳру вилоятҳо низ самараи даврони истиқлолӣ ба ҳисоб рафта, баҳри таъмин намудани сулҳу суботи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Бигузор Истиқлолияти давлати Тоҷикистон ҷовидону поянда бод!

Обидиён Ш.А., судяи суди вилояти Суғд

маҷаллаи “Моҳитоб”