МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 17 ноябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, шахсони масъулро таъкид намуд, ки аз ҳамин рӯз барои тайёр намудан ва супоридани ҳисоботи солона омода шаванд.
Инчунин муовини якуми раиси суд, вобаста ба лоиҳаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда,
муовини раиси суд ва судяҳоро хотиррасон намуд, ки вобаста ба лоиҳаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои худро омода намуда, барои якҷоя ирсол намудан ба Суди Олӣ пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, муовини якуми раиси суд вобаста ба иҷроиши бандҳои нақшаи корӣ дар қисми ҷамбастии амалияи судӣ баромад карда, қайд намуд, ки иҷроиши нақшаи корӣ дар ин қисм иҷро нашудааст ва шахсони масъулро таъкид намуд, ки иҷроиши нақшаи кориро дар ин қисм дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 