ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ ВИЛОЯТ ДАР СОЛИ 2025

Баҳри иҷрои банди якуми нақшаи кории суди вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2026-ум, санаи 22 январи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти суди вилоят дар соли 2025 баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, вобаста ба ҷамъбастӣ фаъолияти Суди вилояти Суғд дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 баромад карда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои суд дар бисёр самтҳо ба талабот ҷавобгӯ нест ва ҳар як судяро зарур аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 дар самтҳои зерин бештар кор кунанд.

Илова бар ин, Раиси суд хотиррасон намуд, ки сифати баррасии парвандаҳо беҳтар карда шуда, ба вайронкунии мӯҳлат роҳ дода нашуда, мақолаҳо дар рӯзномаҳо зиёд ба чоп расонида шуда ва дар садову симо баромадҳо, вохӯрию суҳбатҳо зиёд карда шуда, иҷроиши ҷазоҳои ҷарима вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва руёнидани зарари моддӣ ба фоидаи давлат пурра таъмин карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби судяҳо саривақт ва босифат баррасӣ карда шуда, ҷазоҳои сазовор таъин карда шуда, барои пешгирии арзу шикоятҳои шаҳрвандон нисбати судяҳо, бевосита ҳар як судя чораҳои иловагӣ андешанд.

Раиси суд таъкид намуд, ки дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ аз 16 декабри соли 2025 баёншуда пурра, қатъӣ ва бечунучаро ба иҷро расонида шаванд.

Дар ин робита Раиси суд қайд намуд, ки парвандаҳои судӣ босифат ва саривақт баррасӣ карда шуда, ба кашолкорӣ роҳ дода нашавад ва санадҳои судӣ дар мӯҳлат ба тарафҳо супорида шаванд. Иҷроиши санадҳои судӣ қатъиян таъмин карда шуда, омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шаванд ва муроҷиати шаҳрвандон саривақт баррасӣ карда шуда, муошират бо шаҳрвандон дар доираи талаботи Кодекси одоби судягӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин, Раиси суд вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 05.12.2024 сол дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ баромад намуда, қайд намуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам фаъолиятро беҳтар намуда, чораҳои иловагӣ андешида шавад.

Раиси суд қатъи талаб намуд, ки аз роҳбарият ва судяҳо то корманди дастгоҳи суд масъулиятро дарк карда, фаъолияти худро дар доираи салоҳият ва бо риояи бечунучарои қонун амалӣ намоянд, камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, дар нимсолаи якуми соли 2026 ба ин камбудиҳо хотима диҳанд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супорида шуд.