МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 16 январи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, Фармоиш оид ба фаъолияти умумиро хонда эълон намуда, қайд кард, ки муовинон ва судяҳои сарпарастро зарур аст, ки фаъолияти суди ба онҳо вобасташударо мунтазам таҳти назорати қатъӣ гирифта, ба онҳо ёрии амалӣ расонида, дар доираи нақшаи кории муқарраршуда фаъолияти судҳоро мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода, бисёртар ба баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, саривақт супоридани санадҳои судӣ ба тарафҳо, иҷрои санадҳои судӣ, саривақт ирсол
намудани парвандаҳои судӣ дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионӣ ба суди марҳилаи болоӣ, иҷроиши нақшаи кории суд, нақшачорабиниҳо, супоришҳои хаттии Раиси Суди Олӣ, сифати баррасии парвандаҳо ва дигар самтҳои фаъолияти суд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Инчунин, Раиси суд хотиррасон намуд, ки мақолаҳо дар рӯзномаҳо зиёд ба чоп
расонида шуда, дар садову симо баромадҳо, вохӯрию суҳбатҳо зиёд карда шавад.
Ҳамчунин, Раиси суд ба муовинон ва судяҳои сарпараст супориш дод, ки дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки санаи 17 январи соли 2026 доир мегардад, ҳар як судя дар суди шаҳру ноҳияи тибқи фармоиш вобасташуда иштирок намуда, оиди натиҷаи қабули шаҳрвандон дар рӯзи душанбе ба Раиси суди вилоят маълумотномаи муфассал пешниҳод намоянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 