МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 2 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда қайд намуд, ки аз рӯи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олӣ, дар суди вилоят Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия карда шуда, аз 14 банд иборат мебошад.
Инчунин Раиси суд қайд намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли
2025 сол аз ҷониби судяҳо ва ҳамаи кормандони дастгоҳи суд дар толори суди вилоят тавассути телевизион бо тариқи бахши мустақим тамошо ва шунида шудаст ва илова бар ин, такроран Раиси суди вилоят ба судяи суди вилоят Искандарзод А.И. оиди нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон баромад карданро дод.
Раиси суд дар баромадаш қайд кард, ки дар Паёми навбати аз чониби Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Аз ҷумла дар Паём такроран ду Қонуни Миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қайд гардидааст, аз ин лиҳоз аз ҷониби Раиси суд таъкид ба амал оварда шуд, ки иҷроиши Қонунҳои мазкур саривақт таъмин карда шавад.
Ҳамчунин дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бори дигар таъкид карданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ барои истиқлолияти энергетикии кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.
Бинобар ин, судяҳоро зарур аст, ки барои амали гардидани сиёсати ҳуқуқии давлат саҳми худро гузошта, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд. Вохӯрию суҳбатҳо бо ҳамаи табақаҳои аҳолӣ боз ҳам бештар гузаронида шуда, дар садо ва симо дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ баромад намоянд. Маҷлисҳои сайёри судӣ низ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз манфиат холи нест. Пеш аз ҳама барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ чораҳои дахлдор андешида шуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд софдилона ва содиқона фаъолият намоянд.
Дар ин маврид Раиси суд таъкид намуд, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро пурра ба иҷро расонида, дар фаъолияти корӣ ба роҳбарӣ гирифта, омӯзиши Паём мунтазам идома дода шавад.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 