Маҷлиси корӣ

Санаи 5 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд намуд, ки баҳри иҷрои Нақшаи кории суди вилояти Суғд, дар моҳи январ соли 2026 ҷамъбастии амалияи судӣ аз ҷониби муовини Раиси суди вилоят Зарифӣ Ф.Н. ва судяи суди вилоят Ашурзода Н.А. гузаронида шудааст.

Дар навбати худ, муовини Раиси суд Зарифӣ Ф.Н. оиди ҷамъбаст ва таҳлили парвандаҳои судӣ, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бе баррасӣ мононида шудаанд баромад намуд.

Инчунин судяи суди вилояти Суғд Ашурзода Н.А. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ дар бораи рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд баромад намуд.

Дар охир баромадкунандагон қайд намуданд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, ба суроғаҳои муайян пеншниҳодҳо тартиб дода шуда, ирсол карда мешавад.