МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 9 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда, қайд кард, ки бояд қоидаҳои “Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона муассиса ва ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025 таҳти №355 тасдиқ шудааст, пурра омухта шуда, зимни коргузорй дар суди вилоят истифода ва ба роҳбари гирифта шавад.
Инчунин Раиси суд қайд намуд, ки пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молу мулкӣ ҳатмӣ буда, бояд то санаи 02 марти соли 2026 Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд онро ба Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Илова бар ин Раиси суд шахсони масъули сомонаи суди вилоятро таъкид намуд, ки сомонаи суди вилоят дар асоси “Қоидаҳо оид ба пешбурди сомонаҳои судӣ”, ки бо фармоиши якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, амалӣ шавад ва дар сомонаи суди вилоят Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба
фаъолияти судҳо”, инчунин “Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Қоидаҳо оид ба пешбурди сомонаҳои судӣ”, ки бо фармоиши якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ба иҷро расонида шавад.
Дар охир Раиси суд, муовинон ва судяҳои суди вилоятро хотиррасон намуд, ки тибқи нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули якчанд қарорҳои Пленуми Суди Олӣ дар назар аст, бинобар ин зарур аст, ки фикру таклифҳои худро манзур намоянд.
Суди вилояти Суғд 