МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 16 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, вобаста ба нақшаи кории суди вилояти Сутд дар нимсолаи якуми соли 2026 баромад карда, қайд намуд, ки бандҳои нақшаи кории суд ба таври дахлдор иҷро нашуда, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Зарур аст, ки шахсони масъул бандҳои нақшаи кориро мунтазам ба иҷро расонида, дар маҷмӯъ иҷрои нақшаи кориро таъмин намоянд. Аз ҷумла ташвиқоту тарғиботи ҳуқуқи ҷонок карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳи, вохӯрию суҳбатҳо аз рӯи нақшаи корӣ боз ҳам бештар карда шаванд.
Инчунин Раиси суд таъкид кард, ки иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 пурра таъмин карда шуда, дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳокимияти судӣ мунтазам ба иҷро расонида, иҷроиш он идома дода шуда, таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.
Илова бар ин, Раиси суд хотирасон намуд, ки Стратегияи давлатии муковимат бо коррупсия яке аз самтҳои сиёсати давлати буда, иҷрои он аз ҷониби судҳо низ бояд таъмин карда шавад. Пеш аз ҳама зарур аст, ки ба аҳоли сиёсати зидди коррупсионии давлат фаҳмонида шуда, инчунин судяҳо фаъолияти худро дар асоси талаботи қонун ва шаффоф ба роҳ монанд, аз даст задан ба омилҳои коррупсионӣ худорӣ намуда, барои пешгирии он ҳамарӯза чораандешӣ намоянд.
Суди вилояти Суғд 