Санаи 2 марти соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд намуд, ки камбудиҳо вобаста ба ҳолати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор шудааст ва шахсони масъулро
хотиррасон кард, ки ҳар чи зудтар бандҳои иҷро нашудаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба иҷро расонида шавад.
Илова бар ин раиси суд вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар суди вилоят баромад намуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳро таъкид намуд, ки барои пешгири омилҳои коррупсионӣ тамоми чораҳои дахлдори қонуниро андешанд.