МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 16 марти соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.                                                                                                                        Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияи ҳукуматиро хонда қайд намуд, ки дар арафаи иди Саиди Фитр садақаи фиттро ба таври дастаҷмъона ба ятиму бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзмандони ҷомеъа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзғор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷот ба анҷом расонида шавад.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.