МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 20 апрели соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супоришҳои хаттии роҳбарияти Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда дода шуда, қайд кард, ки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоятро зарур аст, ки моҳҳои апрел то сентябри соли 2026 дар маҷлисҳои тантанавӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок намуда, баромаду сӯҳбатҳо дар садо ва симо баргузор карда, дар рӯзномаю маҷалла мақолаҳо ба чоп расонида шавад ва бинои суд тозаю озода карда шуда, шиору овезаҳои ҷашнӣ ва Парчами давлатӣ ба таври муносиб оро дода шавад.
Ҳамчунин Раиси суд қайд намуд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар самти самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ, фарҳангӣ истифодабарии нерӯи барқ ва ҷиҳати пешгирӣ намудани пошхурии оила дар ҷумҳуриро роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоятро лозим аст, ки мунтазам ташвиқу тарғиботро аз он ҷумла вохӯрию сӯҳбатҳоро дар байни аҳоли бештар гузаронанд.