МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 27 апрели соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супориши хаттии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд хонда дода шуда, қайд кард, ки баҳри баланд бардоштани маърифти
ҳуқуқӣ шаҳрвандон, ки ин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоятро зарур аст, ки зимни вохӯрию сӯҳбатҳо бо аҳолӣ нуқтаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ, дар маҷмӯъ санадҳои меъёрҳои ҳуқуқиро фаҳмонанд то ин, ки аҳолии вилоят аз қонунгузорӣ, тағйиру иловаҳо ба он огоҳ шаванд, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда тавонанд, ӯҳдадориҳояшонро софдилона иҷро намуда, ба
қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.
Инчунин, Раиси суд қайд намуд, ки пешгири омилҳои коррупсионӣ барои шаффофияти амалигардонии адолати судӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоятро хотиррасон намуд, ки дар доираи салоҳияти худ фаъолият намуда, ба зиёдаравӣ роҳ надода, аз даст задан ба омилҳои коррупсионӣ худдорӣ
намоянд. Дар охир Раиси суд шахсони масъули суди вилоятро таъкид намуд, ки зимни пешниҳод намудани маълумотҳои оморӣ вобаста ба семоҳа, шашмоҳа ва солона ба Суди Олӣ, эҳтиёткорона амал карда, ҷамъбаст, таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ бояд саҳеҳ, дақиқ ва шаффоф тартиб дода шавад, дар ҳолати пешниҳод намудани маълумотҳои нодуруст, бардурӯғ ва ё сохта тибқи қонун ҷавобгариро пешбини кардааст.
Суди вилояти Суғд 