Маҷлиси корӣ оид ба омӯзиш ва муҳокимаи лоиҳаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз дар толори суди вилояти Суғд мачлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд. Раиси суд маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуд. Аз ҷониби Раиси суд лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи нақлиёт ба миён меоянд», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ зимни баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо вобаста ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии замин бармеоянд», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки зимни тасдиқ кардани созиши оштии тарафҳо вобаста ба парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ ба миён меоянд», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазо дар намуди ҷарима», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба кам кардани синни никоҳ бармеоянд», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасӣ ва ҳалли баҳсҳо вобаста ба тарбияи фарзандони ноболиғ», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо вобаста ба аъзои оила эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ ба миён меоянд», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки зимни татбиқи қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба баҳсҳо вобаста ба моликияти муштараки зану шавҳар ва тақсими он ба миён меоянд».

Аз рӯи ин масъала Раиси суди вилоят баромад карда, қайд намуд, ки лоиҳаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди омӯзиши пурра қарор дода шуда, ҳар як судя пешниҳодҳои худро таҳия карда дар мӯҳлати муқаррар гардида ирсол намояд.