Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ
Санаи 23 феврали соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд бахшида ба рузи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси мазкурро Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 — сол пур мешавад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро ҷанги дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзҳои нахусти таъсисёбии худ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати содиқонаро анҷом дода, имтиҳони ҷиддии ҳаётро паси сар намуданд.
Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯсти асил будани худро собит карданд. Дар роҳи сулҳу осоиши мардум ва ҳимояи Ватан афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҷоннисорӣ карданд, ки рӯҳу хотираи онҳоро мо бояд ҳамеша пос дорем.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат чунин қайд намуданд:
«Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».
Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали
ташкилёбии Артиши миллӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Дар давоми 33-соли рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, хароҷоти камтарин, бо меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тӯли 33 — соли фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашютистон, минаҷӯйён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта дошта бошад.
Дар охир Раиси суд ҳозиринро бо Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, маҷлиси мазкурро ба охир расониданд.
Суди вилояти Суғд 