МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР – 8 МАРТ
Имрӯз дар толори суди вилояти Суғд бахшида ба рӯзи Модар — 8 март маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси мазкурро Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. кушода эълон карда, кормандон-бонувони судро бо фарорасии Рўзи мубораки «Модар» табрик намуда, қайд кард, ки фарорасии баҳори оламафрўз ба Иди модарони азиз рост меояд, зеро зан – модар рисолати зебоӣ дошта, ҳамаи покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони пурмеҳраш оғоз мегардад.
Зан – модар рамзи меҳрубонӣ, муносибати нек ва муҳаббати пок мебошад.
Зиндагии инсон бе вуҷуди занону модарон маъно надорад. Бинобар ин, занону модаронро чароғи хонадон,
фариштаи рўи замин, тарбиятгари инсон ва сарчашмаи ҳаёт мегўянд.
Дар он идора ва муассисае, ки занон бо мардҳо дар як саф истода фаъолият мекунанд, ҳисси баланди масъулияти хизматӣ, интизоми меҳнатӣ ва самаранокии нишондодҳои корӣ таъмин аст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, таъкид намудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад».
Ташаккули афкори созанда нисбати эҳтиромгузорӣ ба мақом ва ҳуқуқҳои зан дар оила ва ҷомеа, тағйири
тафаккур дар мавриди ҷойгоҳи ҳуқуқии зан бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии марду зан, ки дар конститутсияи кишварамон эътибори олии ҳуқуқӣ пайдо намудааст самараи сиёсати пешгирифта ва давлатдории хирадмандонаи Роҳбари давлатамон ба шумор меравад.
Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар мақомоти судии мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳамешагии занон ва модарон тадбирҳои назаррас андешида шуда истодааст.
Фаъолияти ибратбахши занон хусусан дар самти таъмини волоияти қонун ва адолати судӣ хусусан дар Суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он назаррас аст.
Имрўз дар низомии судии кишварамон занон дар вазифаҳои масъули раиси суд, муовин, котиб ва кормандони дастгоҳи судҳо хело пурсамар ва шоиста кору амал менамоянд, ки нишонаи ҷойгоҳи баланд ва мақоми намоён доштани занҳо ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки тўли солиёни охир дар қонунгузории миллӣ низ бобати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва фароҳам сохтани имкониятҳои баробар барои занону мардон, боло бурдани мақоми зан заминаи мустаҳками меъёрӣ – ҳуқуқӣ муҳайё шудааст.
Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекўш, эй зан,
Бинмой ба иффату шараф ҷома ба тан.
Дар ситоиши зан – модар то имрўз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанўз дар аввалин китобҳои мардуми кўҳанбунёди мо ҳамчун фарди озодихоҳ, зебоипараст, донишманду фарҳангдўст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Нақши модар, махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад.
Фидои хонаву хони ту, модар,
Фидои нимаи ҷони ту, модар.
Бирезад, ашки чашми мо, бирезад,
Нарезад ашки чашмони ту модар!
Модарон имрўз фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Мо ба шумо, занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон, ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа боварию эътимод дорем ва аз Шумо тарбияи насли содиқи Ватанро интизорем.
Инчунин, дар идомаи маҷлис судяҳои суди вилоят Сафозода А., Искандарзод А.И., Ашурзода Н.А., ва мушовири суди вилоят Сангизода Ҷ. зимни баромадҳои худ тамоми кормандон-бонувони судро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати умр, рӯзгори бобаракат, чеҳраи шукуфта, қалби пурнишот ва пешрафту муваффақият таманно намуданд.
Суди вилояти Суғд 
