Мақола дар рӯзномаи Рухшона «БА ҶОИ АЛАФ МАЙДА КАРДАН БО ҶОДУ ГАРДАНИ ХОҲАРАШРО БУРИД»

БА ҶОИ АЛАФ МАЙДА КАРДАН БО ҶОДУ

ГАРДАНИ ХОҲАРАШРО БУРИД

 

Ҳангоми мурофиаи судӣ ба симои судшаванда Ашӯрқулов Б.Т, ки ҷинояти одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахси бараъло ноболиғро содир кардааст, менигараму худ аз худ дар ҳайрат мондам. Дар симои ё ягон ҳолати пушаймоншавӣ, афсӯсхӯрӣ дида намешуд.

Ҳол он, ки ӯ хоҳарии худаш Ашӯрқулова Орзугул Баҳодуровна, ки 21 августи соли 2011 таваллуд шудаасту дар синфи 11-уми МТМУ №42-и деҳаи Ободдараи Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан таҳсил мекард, ба қатл расонидааст.

Рӯзи 27 октябри соли 2018, тахминан соати 7:30 дақиқа бо мақсади ба мактаб рафтан аз манзили истиқоматиаш баромада, муддати як моҳ, яъне то 28 ноябри соли 2018 бедарак ғайб задааст. Ҳангоми бедарак ғайб задании ноболиғ Ашӯрқулова О.Б. дар деҳа овозаҳо оиди ба бероҳагӣ машғул шудан ва бо мардони бегона муносибати маҳрамона доштанаш паҳн мешавад. Аз ин ҳолат волидайн ва бародараш Ашӯрқулов Т.Б. ба нанг омада, худро дар назди хешовандон ва сокинони деҳа шарманда ва беобрӯй дониста, дар назди худ вазифа мегузоранд, ки дар сурати пайдо шудани хоҳари ноболиғаш  ӯро ба қатл расонида, обрӯи оилаашонро барқарор менамоянд.

Санаи 28 ноябри соли 2018, тахминан соати 18:30 дақиқа ноболиғ Ашӯрқулова О.Б. ба манзили истиқоматиашон баргаштааст.

Судшаванда Ашӯрқулов Т.Б аз хоҳари ноболиғаш дар куҷо буданашро пурсида, ба ғазаб меояд ва ҷанҷол мекунад. Аз ин хоҳараш қаҳр карда, ба оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон медарояд. Бародараш бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани хоҳари ноболиғаш Орзугул, ки гӯё обрӯи оилаашонро дар назди халқ паст зада шарманда карда бошад, аз пасаш ба оғилхона ворид шуда, аз қафо истода, бо воситаи халтаи синтетикии холӣ гардани хоҳарашро сахт печонида, буғӣ кардааст. Ноболиғ Ашӯрқулова О.Б. дар натиҷаи баста шудани роҳи нафас, яъне асфексияи механикӣ ба ҳалокат расидааст.

Ашӯрқулов Т.Б. баъди содир кардани куштори қасдонаи хоҳари бараъло ноболиғаш Ашӯрқулова О.Б. бо мақсади осон кардани пинҳонкунии ҷасади охирин ва бо ин эмин мондан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, сари хоҳари аллакай ба ҳалокат расидаашро ба болои асбоби худсози алафмайдакунии «ҷоду» гузошта, бо теғи он гардани хоҳарашро аз пасаш то қисмати пӯсти пеши гардан буридааст.

Дар ин ҳолат падараш Ашӯрқулов Баҳодур ба оғилхона даромада, аз ин ҳодиса огоҳ шуда, бо мақсади пинҳон доштани куштори қасдона содиранмудаи писараш Ашӯрқулов Толибҷонро якҷоя бо охирин ҷасади духтари ноболиғаш Ашӯрқулова Орзугулро ба бордони автомошинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 1501 РР 02/Тҷ, бор карда, ба заминҳои дашти ҳудуди деҳаашон бурда пинҳон мекунанд.

Пас аз 2-3 ҳафта ҷасад дарёфт мешавад ва сири пинҳонии марди хоҳаркуш кушода мешавад.

Судшаванда Ашӯрқулов Т.Б. дар мурофиаи судӣ бо айби эълон кардашуда худро пурра гунаҳгор ҳисобидааст.

Ваҷҳҳои судшаванда Ашӯрқулов Т.Б. оиди он, ки сабаби содир намудани ҷиноят ин бероҳа гаштани хоҳараш ва паст задани обрӯю эътибори аҳли оилааш мебошад, беасос буда, ба маводҳои дар парванда ҷамъовардашуда ва ҳолатҳои дар боло овардашуда рад карда мешавад.

Суди вилояти Суғд ҳолати гуногун айбдоршаванда Ашӯрқулов Толибҷон Баҳодуровичро омӯхта бо моддаи 104 қисми 2, банди «В» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 18 (ҳаждаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин кард.

Ана, ҷазои шахсе, ки ҷинояти одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахсро ба иҷро расонидааст.

Фирӯзахон Аҳмадзода,

судяи Суди вилояти Суғд