Муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ
Таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ аз омилҳои муҳими пойдории суботи ҷомеа, осоиши шаҳрвандон ва пешрафту шукуфоии давлат ба шумор меравад. Хусусан, дар шароити имрӯза, ки дар сатҳи дунё вазъият печида боқӣ монда, ғайриинтизор метавонад тағйир ёбад, мустаҳкам намудани унсури амниятӣ ва қудратии давлат, ки ба низоми қонунгузории миллӣ асос меёбад, кафили равнақи низоми иқтисодӣ ва унсури бунёдии беҳдошти ҳолати иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, вақте роҳбарияти олии кишвар мардумро ба посдории қадри суботу амният ва ҳифзи ваҳдату ризоияти миллӣ ҳидоят менамояд, ба он маънист, ки танҳо дар шароити осоишта ва муҳити орому сулҳпарвар метавон мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро ҳал намуда, ба зиндагии боз ҳам шарафмандона ва аз нигоҳи иҷтимоӣ худкифо расид.
Дар ҳамин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатдорӣ ва мактаби сарварии муваффақонаи худ ба масъалаи устувор нигоҳ доштани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти тақвияти волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бо ин роҳ таъмини амнияти миллӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, доимо ба зарурати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони сохторҳои низомӣ ва қудратӣ, тайёр намудани мутахассисони варзида таъкид менамоянд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, зикр намуданд, ки “…ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити мусоид ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад”.
Дар ҳошияи ҳамин таъкиди бамавриди Пешвои миллат лозим ба ёдоварист, ки сиёсати бонизом ва босамари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҷумла рукнҳои муҳими бунёдии таъмини оромию осоиши шаҳрвандон ва суботу амнияти ҷомеа маҳсуб меёбад, ки тавассути фаъолияти дурусту ба таври муваффақона ҳамоҳангшудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон имконпазир гардид. Лекин таҳдидҳои шароити пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир зарурати боз ҳам ҳушёру зирак будан, сатҳи баланди касбият доштан, иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ ва мавриди амал қарор додани таҷрибаи пешқадамро баҳри ҳифзи тамоюли мусбии коҳиши шиддати вазъи ҷинояткорӣ тақозо дорад.
Ҳарчанд шиддати терроризму экстремизм дар натиҷаи чораҳои муҳими пурсамари андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштироки васеи аҳолии кишвар дар дохили мамлакат паст шуда бошад ҳам, мо набояд нисбати рафтору амали хасмонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳомиёни хориҷиву пасипардагии онҳо ғофил бошем. Зеро чуноне Пешвои миллат ҳамеша мардуми моро ба ҳушёрии сиёсиву бедории миллӣ даъват мекунанду ба дӯст доштани Ватану шукрона намудан аз суботу оромии он таблиғу ҳидоят менамоянд, мо ҳар як нафар тоҷикистонии ватанпарвар, дар навбати худ, ҳамчунин рисолати инсониву шаҳрвандиамон бояд ин ҳарфу сухани Сарвари давлатро сармашқ ва мароми доимии кору рӯзгорамон қарор диҳем.
Аз ҷумла, дар Паёмашон, ки моҳи декабри соли гузашта ироа гардид, Пешвои муаззами миллат ёдрас шуданд, ки “…мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Дар ҷодаи мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори иқдомҳои созандаи сатҳи ҷаҳонӣ, дар доираи узвияти худ дар созмонҳои байналмиллалии гуногунсатҳ ва муносибатҳои дуҷонибаву чандҷонибааш бо давлатҳои гуногуни дунё ҳамеша баҳри ба таври ҳамоҳангу дар ҳамбастагӣ амалӣ намудани иқдомҳои муштарак мавқеъгирӣ менамояд. Ин нуқта дар Паёми зикршудаи Пешвои муаззами миллат ба таври возеҳ баён карда шуд, ки “…ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмиллалӣ ва минтақавӣ ва эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд”.
Бо назардошти ин мебояд, ки баҳри эҷоди ҷабҳаи воҳиди мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ, хусусан терроризму экстримизм ҳамагон бетарафӣ накарда, баръакс иштирокчии фаъоли тадбирҳои пешгирикунандаи паҳншавии афкори тундгароёнаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардида, инчунин барои аз байн бурдани шароиту омилҳои мусоидкунанда ба сар задани чунин зуҳуроти номатлубу хатарбор бо дарки амиқи масъулияти пуршарафи ватандорӣ ва шинохти рисолати инсонии худ соҳибташаббус ва фаъолкор бошем.
РУШАНЗОДА Суҳроб,
раиси Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 