НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН ДАР СОЛИ 2025
Санаи 11 феврали соли 2026 дар бинои суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва суди иқтисодии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарият, судяҳо, баъзе раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои он, суди иқтисодии вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси суди вилояти Суғд муҳтарам Рушанзода Суҳроб Рушан оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ба намояндагони васояти ахбори омма ахбороти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки боиси ифтихору фараҳмандист, ки дар партави сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ устувор гардида, ба бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд заминаҳои боэътимод гузошта истодааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2025 судҳои вилоят дар маҷмӯъ 36895 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пешниҳод ва дархостҳоро моҳиятан баррасӣ намудаанд, ки 8176 адад нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 кам мебошад.
Аз тарафи судҳои вилоят дар марҳилаи якум аз 4821 адад парвандаҳои мадании воридгардида 4556 адад парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – 99 парванда зиёд мебошад.
Аз 12707 адад парвандаи оилавӣ 11470 адад парванда моҳиятан баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 – 56 адад парванда кам мебошад.
Вобаста ба пешниҳод гардидани аризаҳои даъвогии марбут ба парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ 764 138 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардидааст.
Дар ҳамин давра ба судҳо дар маҷмӯъ 3887 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардида, 3701 адади он моҳиятан баррасӣ гаридааст, ки назар ба соли 2024 – 193 адад зиёд мебошад.
Аз 3963 маҳкумшудагон нисбати 3 нафар ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбати 1283 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, ки аз онҳо 39 нафарашро ноболиғон ва 93 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Инчунин, нисбати 1979 нафар ҷазои ҷарима татбиқ карда шуда, аз маблағи умумии ҷаримаи таъингардида 39 млн. 628 ҳазору 554 сомонӣ воқеан ба фоидаи давлат руёнида шудааст.
Ғайр аз ин, судҳо 10259 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ карда, ба 9223 нафар ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ кардаанд, ки аз ин шумора нисбати 8584 нафар ҷазои ҷарима таъин ва аз маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда 14 млн. 936
ҳазору 447 сомонӣ воқеан ба буҷети давлат пардохт карда шудааст.
Ба ғайр аз ин, аз тарафи судҳои вилоят вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 525 парванда баррасӣ гардида, нисбати 462 шахс ҷазои маъмурӣ ба намуди ҷарима татбиқ карда шудааст, ки аз ҷамъи умумии ҷаримаи татбиқшуда 3 млн.129 ҳазору 499 сомонӣ ба фоидаи давлат руёнида шудааст.
Ҳамзамон, қайд кардан бамаврид аст, ки вобаста ба моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 2704 адад парванда баррасӣ гардида, аз ин шумора нисбати 2337 нафар ҷавобгарии маъмурӣ дар
намуди ҷарима татбиқ карда шудааст, ки аз ҷамъи умумии маблағи ҷаримаҳои татбиқгардида 1 млн. 843 ҳазору 360 сомонӣ ба фоидаи давлат пардохт шудааст.
Судҳои вилоят дар соли 2025 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рӯи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рӯи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 60 млн. 621 ҳазору 237 сомонӣ воқеан ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст, ки назар ба соли 2024 — 20 млн. 404 ҳазору 465 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба
ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 9330 таъинотҳои хусусӣ бароварда, 7677 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд.
Дар баробари ин, бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, судяҳои вилоят мунтазам тадбирҳои заруриро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ андешида, ба воситаи барномаҳои телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ 1509 маротиба баромад карда, дар саҳифаҳои матбуот 615 мақолаҳо ба чоп расида, дар коллективҳои меҳнатӣ 3068 вохӯриҳо доир намуданд.
Дар ҳамин давра дар коллегияҳои кассатсионии суди вилояти Суғд оид ба парвандаҳои маданӣ 300 адад, оилавӣ 486 адад, ҷиноятӣ 800 адад ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 92 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар соли 2025 6 – маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилоят гузаронида шуда, 138 адад парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 144 шахс, 5 парвандаи маданӣ, 6 парвандаҳои оилавӣ ва 2 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ гардидааст.
Дар ҳамин давра ба марҳилаи назоратии суди вилояти Суғд аз нисбати санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 760 шикоят ва эътирозҳои назоратӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа 149 адад бо таъинотҳои судяҳо барои моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳо ба Раёсати суди вилояти Суғд ирсол
гардидаанд.
Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 583 нафар шаҳрвандонро қабул ва арзу шикояти онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Сипас, намояндагони васоити ахбори омма саволҳои худро пешниҳод карданд, ки ба ҳар яки онҳо аз ҷониби роҳбарияти суди вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин аз тарафи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд посухҳои мушаххас дода шудаанд.

Суди вилояти Суғд 