НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 14 феврали соли 2019 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят, инчунин раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилояти Суғд Мирзозода Муҳаммад оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2018 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.

Қайд гардид, ки дар давоми соли 2018 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 40828 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳиро баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 3190 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 5972 адад парвандаҳои гражданӣ, 11321 адад парвандаҳои оилавӣ ва 14311 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 543 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 256 адад парвандаҳои гражданӣ, 382 адад парвандаҳои оилавӣ ва 98 адад парвандаҳои маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Давоми соли 2018 панҷ маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 59 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 3 адад парвандаҳои гражданӣ, 2 адад парвандаҳои оилавӣ ва 17 парвандаҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 287 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рӯи парвандаҳои баррасӣ гардида, нисбати 225 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 1 319 000 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2545 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 1043 шахсон огоҳӣ ва нисбати 1350 нафар ба маблағи 201540 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар соли 2018 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рӯи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рӯи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 23 млн. 119 ҳазору 635 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 494 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Соли 2018 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 4867 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 689 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 312 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 2251 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 5982 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

 

Суди вилояти Суғд