ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ

ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ

24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғояи парчам чун рамзи давлатдорӣ ҳанӯз дар “Авесто” омадааст ва ориёиён аввалин мардуми парчамдор буданд. Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо дар давраи дурударози давлатдории худ соҳиби парчам буданд. Мардумӣ ориёӣ ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз давраҳои қадим дирафшро ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мебурданд.

Куруши Кабир подшоҳи замони бостонӣ нахустин империяро дар ҷаҳон таъсис дод. Дар дирафши ӯ тасвири лочин ҷой дошт ва болҳои он аз се ранг – сурх, сафед ва сабз иборат буд. Дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ дар бораи Коваи оҳангар ривояте ҳаст, ки ӯ аввалин дирафшро аз чарми пешбанди худ сохт. Образи Кова дар асрҳои V-VI мелодӣ дар замони салтанати Сосониён арзи ҳастӣ намудааст.

Рустами Достон, Гургон, Сиёвуш ҳар яке соҳиби дирфши худ буданд. Ҳанӯз дар замонҳои сулолаҳои вақти Саффориён, Тоҳириён ва баъдан Сомониён парчамдорӣ вуҷуд дошт. Ин давлатҳо прчами ягонаи худро доштанд. Парчам рамзи пойдории давлату миллат ва ҳуввияти миллист. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба 24 -уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санаи мубораки сиёсӣ ва фархундаю хуҷаста дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. 29-уми октябри соли 2009 дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-солагии қа- були Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардил, ки 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда, ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Бо максади амалӣ намудан ва асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3-юми ноябр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19-уми ноябри ҳамон сол Парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ кард.

Мутобики Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи хеле фараҳбахш аст. Хурсандиовар аст, ки ин санаи муборак ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат ва муаррифгари давлату миллат мебошанд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Парчами давлатӣ изҳор намуданд. «Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, вахдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқамон мебошад».

Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати арҷ гузоштан ва эҳтироми хоса нисбати муқаддасоти миллат — Парчами миллӣ дар пойтахти кишвари азизамон дар шаҳри Душанбе дар назди Қасри Миллат баландтарин поя сохта шуд ва 30-юми августи соли 2011 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозии 60 метр ва паҳноии 30 метр барафрохта шуд. Ҳамчун баландтарин Парчами дунё эътироф гардида, дар Китоби Рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дар маросими ифтитоҳи он масъулони Китоби Рекордҳои Гиннес ба намояндагони ҳукумат шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супориданд. Мавзеи ҷойгиршавии он номи рамзии «Майдони Парчам -ро дорад. Аз 14- уми ноябри соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид гардид.

Мувофиқи моддаи 5-и Қонуни мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода баранд. Ҳамчунин акнун афрохтани Парчами давлатӣ дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истикоматӣ, ҷойҳои истироҳатгоҳи шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо имконпазир гардид.

Парчамдорӣ барои мо аз ниёгон мерос мондааст. Моро зарур аст, ки анъанаи неки аҷдодонро содиқона идома диҳем. Парчам азизу муқаддас аст. Эҳтироми парчам эҳтироми давлату миллат аст. Хеле хушоянд аст ҳангоме, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд ва ба ифтихорашон Суруди миллӣ садо медиҳад ва Парчами давлатии Тоҷикистонро боло мебардоранд.

Боиси сарбаландист, ки имрӯз Парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми корхонаву муассиса, идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, майдонҳои варзишӣ, мактабу таълимгоҳҳо, хонаҳои шахрвандони оддиро зеб медиҳад. Парчам рамзи асосии давлат, соҳибихтиёрии давлату миллат, худшиносию ватандӯстӣ, нишони ватандорию ҳастии миллат аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азизро зарур аст, ки ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузорад. Таманно мекунем, ки бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осмони бахту саодат ҳамеша ҷилвагар ва парафшон бошад. Ҳамаи шаҳрвандони кишварро бо ин иди саиду ҳуҷаста — Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош мегӯем.

 

САТТОРЗОДА Ҳотамшоҳ Раҷаб,

судяи суди вилояти Суғд

рӯзномаи “Омӯзгор ва хонанда”