РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ХУДШИНОСӢ

Ба истиқболи 25 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ХУДШИНОСӢ

Конститутсия волотарин дастоварди давлату миллати тоҷик, рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносиву худсозӣ аст, ки бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Меъёрҳои Конститутсия мазмун ва самти ташаккули давлати демократӣ ва асосҳои ҳуқуқии таҳким ва пешрафти ҷомеаро муайян менамояд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд шинохта ва эътироф шудааст.

Бояд зикр кард, ки барои таъмини ҳадафҳои волои давлати демократӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ сиёсати дохиливу хориҷии имрӯзаи кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре ба роҳ монда шудааст, ки решаи аслии он аз эҳтирому эътирофи принсипҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун, таъминкунандаи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар иборат мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳими таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муқаррар мегардад, ки тағйирнопазир будани шакли идории ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид мебошад, шароити мусоид фароҳам овард. Дар доираи Конститутсия эътироф гарди- дани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилият замина гузошт. Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат медиҳад.

Бунёди ҷомеаи адолатпарварро бе ҳокимияти судии мустақил, салоҳиятдор ва дар асоси қонун ташкилшуда, алалхусус мақомоти конститутсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Боиси хурсандист, ки давоми 25 соли амали Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор ва мардум машғули меҳнати созанда мебошанд.

 

М.ЛАТИФЗОДА,

муовни раиси суди вилояти Суғд

Рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”