САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ

Таърихи фарҳанги тоҷик нишон медиҳад, ки занон ҳамеша дар танзими ҷашну маросим нақши марказӣ доштанд. Аз идҳои миллию динӣ то маросимҳои оилавӣ – ба мисли арӯсӣ, тӯйҳо, маросимҳои таваллуд, рӯйдодҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ – занон тартибу ороиши макон, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ ва амалӣ кардани ҳунарҳои мардумиро ба зимма мегиранд. Ҳунару завқи онҳо на танҳо ҷашнҳоро зебо ва хотирмон мегардонад, балки арҷгузории суннат ва эҳтироми анъанаҳои аҷдодӣ барои наслҳои ояндаро таъмин мекунад.

            Тавре ки дар Паёми соли 2025 таъкид шуд, рушди фарҳанг ва эҳёи суннатҳои миллӣ бояд ҳамқадами замони муосир сурат гирад. Дар ин раванд занон ҳамчун тарҳрези ҷашнҳо ва нигоҳдорандаи суннатҳо нақши калидӣ доранд. Онҳо бо эҷоди муҳити мусоиди маънавӣ ва пур аз муҳаббат барои оила ва ҷамъият намунаи ибрат мебошанд.

Дар баробари нақши фарҳангӣ, занон дар сарфакории оила низ нақши муҳим мебозанд. Онҳо бо назорат ва тақсимоти оқилонаи буҷет, истифодаи самараноки захираҳои моддӣ ва молиявӣ, ҳамчунин барномаи хароҷотӣ дар оила ба тавсеаи имкониятҳо ва устувории
зиндагӣ мусоидат мекунанд. Паёми соли 2025 таъкид менамояд, ки рушди устувори ҷомеа ва фаровонии оилаҳо бидуни тафаккури сарфакорона ғайриимкон аст.

Модарон бо ин роҳ ба фарзандон низ омӯзиши сарфакорӣ ва эътибор додан ба захираҳои моддӣ ва маънавиро меомӯзонанд. Кӯдак дар муҳити оила тарбияи дурусти иқтисодӣ мегирад, меомӯзад, ки маблағ ва захираҳоро ро чӣ гуна истифода кунад ва ба қадри ҳар як чиз мерасад. Ин таҷриба ба рушди масъулиятшиносии онҳо, эҳтироми захираҳо ва тарзи ҳаёти оқилона мусоидат мекунад.

Нақши занон дар танзими ҷашну маросим ва сарфакорӣ дар оила якдигарро пурра мекунанд. Дар тайёр кардани ҷашн, модарон на танҳо муҳити маънавии хуб ва фарҳангӣ фароҳам меоранд, балки бо нақшаи сарфакорона ва истифодаи оқилонаи захираҳо таъмини молиявии ҷашнро низ таъмин мекунанд. Ин омезиш на танҳо фарҳанг ва
суннатҳоро эҳё мекунад, балки устувории иқтисодӣ ва маънавии оиларо низ таъмин менамояд.

Ҳамзамон, занон дар ҷомеаи муосир нақши фаъоли иҷтимоӣ мебозанд. Онҳо бо иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва лоиҳаҳои иқтисодӣ бо баланд бардоштани маърифати оила ва кӯдакон мусоидат мекунанд. Дар Паёми соли 2025 таъкид шудааст, ки занони худогоҳ ва сарфакор барои рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи суннатҳои миллӣ нақши муҳим доранд.

Занон ҳамчун тарбиятгарон, идорагарон ва сарфакорони оила поягузорони фарҳанг ва устувории иҷтимоии ҷомеа мебошанд. Бо дастгирии сиёсати давлатӣ ва ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат дар соли 2025, занон ҳамчун нерӯи созанда ва намунаи фарҳангӣ ва сарфакорӣ дастгири мекунанд. Зан – на танҳо модар ва омӯзгор, балки поягузори суннат, идорагари оила ва намунаи сарфакорӣ барои наслҳои оянда мебошад.

Нигора НАЗАРИЁН,

судяи суди вилояти Суғд