САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва баҳри расидан ба сӯи ҳадафҳои созандаи худ заминаи воқеӣ гузошт.
Маҳз, Истиқлолияти миллӣ буд, ки мардум ба ободкориву созандагӣ ва буднёдкорӣ рӯ оварда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи воқеӣ гузошт.
Воқеан, 35 соли Истиқлолияти миллӣ ба мардум неруву тавоноӣ бахшид, ки баҳри ободу зебо ва гулгулшукуфии кишвар тамоми қудрати худро равона созанд. Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои хеш таъкид намуданд: “Маҳз, Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”. Хушбахтона, ин гуфтаҳои Пешвои миллат дар амал татбиқ гардида, ободию бунёдкорӣ дар тамоми самтҳои фаъолият ба зинаи олии созандагӣ расид ва зиндагии мардуми осоишта ба куллӣ тағйир ёфт.
Зарурати таърихии инкишофи ояндаи миллати тоҷик дар замони муосир талаб менамояд, ки гуфтаҳо, амалҳо ва нақшаҳои кормандони мақомоти гуногунзинаи давлатӣ баҳри рушду нумӯи давлат, соҳибмаърифат гардонидани шаҳрвандон ва баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа бояд равона гардад. Дар ҳамин замина барои ба ваҳдати комили миллӣ расидан давлати миллӣ бояд ба чунин як идеологияе такя намояд, ки ҳамаи дигар рукнҳои давлатдорӣ аз он маншаъ бигиранд. Чуноне маълум аст, давлате, ки идеологияи ягона надорад, пояаш бебунёд, қудраташ заиф ва ҳамеша дар гирдоби сиёсатҳои таҳмилӣ ғӯтавар мебошад.
Воқеияти зиндагӣ ва воқеаҳои имрӯза собит месозад, давлате, ки сокинонаш маърифати зарурӣ надоранду шуурнокии онҳо дар сатҳи паст қарор дорад, махсусан, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ дида намешавад, дер ё зуд ба нокомӣ ва шикаст дучор мегардад.
Аз ин рӯ, давлати миллиро зарур аст, ки аз тамоми нерӯю имкониятҳои хеш баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ, шуурнокии мардуми кишвар, баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвият бахшидан ба ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани маҷрои зиндагии ҷомеа, рушду беҳдошти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва кулли бошандагони он истифода бубарад.
Раҳмонзода Гулбар Раҳмон,
мутахассиси пешбар-тарҷумони
Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 