Шукри тинҷиву амонӣ
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун ҷузьи ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои номатлубу ифротгароёна, аз қабили экстремизм ва терроризмро маҳкум намуда, барои решакан намудани ин вабои аср тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ин зухуроти хатарнок ҳамкориро бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқй баҳри пешгирии ин ҳодисаҳои номатлуб далели ин гуфтаҳост. Ба тасвиб расидани Стратегиям муқовимат ба экстремизм ва терроризм муборизаи дастаҷаъмонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро бар зидди ин падидаи хатарнок водор намуд. Зеро терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба тумор рафта, муборизаи дастҷамъонаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандй ва ахди ҷамо- атчигаро тақозо дорад.
Вале бо вуҷуди ин таҳлилҳо нишон медиҳаид, ки гумроҳу қурбониёни ин амали зишт тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ҷавонони камтаҷрибаву беҳунар, саводи кофиву маърифати ҳуқуқӣ надошта ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Падару модарон, устодону омӯзгорони муассисаҳои миёнаву оливу касбӣ, фаъолон, собиқадорону ҷавонон дар ин масьалаи муҳим, ки ояндаи насли ҷавон ва фардои миллат мебошад набояд бетараф бошем, якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон барем. Ҷавононро ба роҳи неку меҳнатдӯстӣ, содиқ ба халқу Ватан, худшиносу худогоҳ, соҳибмаърифату боирода ва бомасьулият тарбия намоем.
Фаромӯш набояд кард, ки террористону эктстремистон он тоифаи бадандешу нотавонбину бадхоҳ ва хоиноне ҳастанд, ки берун аз Ватан истода ба Ватан санги маломат мезананд, арзишҳои бузурги истиқлолият, пешрафту ободиву шукуфоӣ, сулху субот, ваҳдату ҳамдили ва ҳамдигарфаҳмӣ, ҳаёти осоиштаву босаодатро намехоҳанду дида наметавонанд. Онҳо як доираи кӯчаки гумроҳу разилеанду мехоҳанд дигаронро низ ба доми фиреби хеш кашанд.
Ҷавонони қавииродаву соҳибватани мо бояд ҳамеша дар талоши илму дониш бошанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва шукри тинҷиву амонӣ ва ободии Ватани азиз намоянд, ки ин аст бахту саодати ҳаёту зиндагӣ.
Мафтуна Раҳматиллозода,
муовини раиси Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 
