СОҲИБДАВЛАТИИ МО САМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СОҲИБДАВЛАТИИ МО САМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

         Истиқлолияти давлатӣ имрӯз ба маънии том истиқлолияти комили соҳибдавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос кардааст. Муваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ бегуфтугӯ ба марҳалаи сифатан тозаву ҷадид ворид гашта, дар олами муосир мавқеву нуфузи хосаи худро дарёб намудааст.

Самои осудаи кишвар, ваҳдату якпорчагӣ имконияти ин тараққиётро бемайлон афзун дорад.

Ҳадафҳои стратегии мамлакат: раҳоӣ ёфтан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, барпосозии соҳаи саноат давра ба давра ҳаллу фасли худро ёфта истодааст. Ин бошад торафт Тоҷикистонро ба кишвари дорои низоми босубот табдил медиҳад. Бо туфайли сиёсати дурандешонаву оқилонаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти халқи мо ба воқеияту пирӯзиҳои давлатдорӣ пояи устувор гузошт. Аҷдодонамон ин лаҳзаро солҳо орзу ва ормон доштанд.

Ҳатмист, ки ҳар яки мо дар шароити пур аз тазоди ҷаҳони муосир давлатдории миллии худро такмил диҳем, пирӯзиҳои истиқлолиятро ҳифз намоем. Чи тавре, ки сарвари мӯҳтарамамон таъкид доранд “… ба шукронаи соҳибдавлатӣ амали неку савоберо анҷом диҳем”. Мехостам дар фарҷом кулли ҳамдиёронамро бо фарорасии 28 – умин солгарди истиқлолияти фархундапай таҳният хонам. Бигузор саодати соҳибдавлатиамон поянда бимонад.

Муборак бод истиқлоли тоҷик,

Таманнои ҳазорон соли тоҷик.

Раҳматиллозода Мафтуна, судяи суди вилояти Суғд

Маҷаллаи “Моҳитоб”