ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

         Тоҷикон аз қадим миллати сулҳпарвар, фарҳангдӯст, созандаву бунёдкор, порсою маърифатпарвар буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба андешаву ақидаҳои таассубӣ, нажодию зӯроварӣ ва фишори сиёсию таъқиботи динӣ такя накардаанд.

Мутаасифона, имрӯз терроризм ҳамчун масъалаи доғи рӯз ва хатарнок сайёраро ба ташвиш андохтааст.

Он яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини ҷомеаи имрӯзаи мо буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналхалқӣ дорад, чун манбаи ҳодисаҳои мудҳиштарини ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст.

Хусусияти фарқкунандаи терроризм хатари оммавӣ доштани он аст, ки дар натиҷаи амалиёти барои ҷомеа хатарнок ва ё таҳдид ба миён меояд.

Мақомотҳои қудратии давлатӣ вазифадоранд, ки дар мубориза бо терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ оштинопазирона баҳри оромии ҷомеа мубориза баранд.

Айни ҳол дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Мо набояд роҳ диҳем, ки чунин унсурҳо ҷомеаро ноором созанд.

Мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифторӣ ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла бо дини мубини Ислом надорад. Терроризм бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовар мехоҳад номи поки ин динро доғдор созад.

Таъмини амнияти давлат фақат вазифаи мақомоти дахлдор нест. Моро зарур аст, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлубу хатарнок муборизаи якдилона барем, фарзандони содиқи Ватан бошем.

Барои таъмини амнияти давлат, сулҳу субот, ободонию пешравии кишвари азизамон бо ҳисси баланди ватандорӣ, меҳанпарастӣ саҳм гузорем.

 

Ҳ.Сатторзода,

судяи Суди вилояти Суғд