Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо омӯзгорон ва хонандагони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бо мақсади иҷрои нақша ва рӯйхати вохӯрию суҳбатҳо, санаи 2 майи соли 2026 судяҳои Суди вилояти Суғд — Ашурзода Н.А., Мирасилзода А.А. ва Набизода Н.Ҳ. дар толори Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд.
Вохӯрии мазкурро муовини директор оид ба таълим Шарипова М. ифтитоҳ бахшида, меҳмонон — намояндагони Суди вилояти Суғдро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва сипас суханро ба судя Мирасилзода А.А. вогузор кард.
Зимни баромади худ Мирасилзода А.А. қайд намуд, ки агар ба таърихи 35 соли пеш назар афканем, мебинем, ки ҳамзамон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ ва фазои ҳуқуқии комилан нав, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ фарқ мекард, ташаккул ёфт. Ин низом бар пояи қонунгузории миллӣ асос ёфта, дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим бозид. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсии худ ба ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми устувори қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин самтро яке аз афзалиятҳои асосии фаъолияти давлатӣ қарор
доданд.
Сипас судя Набизода Н.Ҳ. дар мавзӯи терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ баромад намуда, иброз дошт, ки тибқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвар дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд меёбад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё гурӯҳ наметавонад ҳамчун мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳо ва ҳизбҳое, ки
нажодпарастӣ, миллатгароӣ, адоват, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб намуда, ба сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ бо роҳи зӯрӣ даъват мекунанд, манъ мебошад.
Дар идома, роҳбари гурӯҳ Ашурзода Н.А. дар мавзӯи пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан миёни ҷавонон ва ноболиғон, суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҷиноят ва ҷинояткорӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Вай таъкид намуд, ки гарчанде ин падида дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, аммо даст задани ҷавонон ба амалҳои ҷиноятӣ метавонад оқибатҳои манфии ҷиддӣ дошта, ба суботу
амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Дар вохӯрии мазкур байни ҳозирин ва баромадкунандагон саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ дода шуд.Дар охир судяи суди вилояти Суғд Ашурзода вохӯрии мазкурро ба охир расониданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифта, андешаҳои худро оид ба мавзӯъҳои баррасишуда иброз намуданд.
Суди вилояти Суғд 